Луқо, ки муаллифи ин китоб мебошад, воқеаҳои зиндагии Исоро дар саҳнаи ҳодисаҳои таърихии ҳамон замон баён намудааст, то нишон диҳад, ки имони масеҳиён ба он воқеаҳое аст, ки дар асоси таърихӣ низ исбот доранд. Ҳамчунон ӯ қайд мекунад, ки зиндагии заминии Масеҳ ҳиссаи бисёр муҳимро дар таърихи тамоми башар гузоштааст. Дар бобҳои охирини китоб Луқо дар бораи зинда шудани Исои Масеҳ ба тавре баён мекунад, то хонанда боварӣ ҳосил кунад, ки ба пеши шогирдон арвоҳи Исо не, балки Худи Исо дар бадани худ зинда шуда омада буд. Ӯ зинда буд, ки луқмае аз моҳӣ хӯрд. Луқо нишон додан мехост, ки зиндашавии Исои Масеҳ тасаввуроти хаёлии касе набуда, балки воқеаи ҳақиқӣ мебошад.
Архивро зеркашӣ кунед
Инҷили Луқо