Хушхабар аз Матто (бе мусикӣ)


Воқеаҳои ин китоб дар асри якуми милодӣ дар вилоятҳои Яҳудия, Сомария ва Ҷалил (Исроил ва Фаластини ҳозира) рӯй додаанд.Дар он вақт яҳудиён аз рӯйи пешгӯйиҳои қадим интизори Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо буданд. Ӯ бояд аз насли шоҳ Довуд меомад. Онҳо умед доштанд, ки Масеҳ онҳоро аз зери итоати румиён раҳо мекунад.Муаллифи ин китоб Матто, яке аз дувоздаҳ шогирдони Исои Масеҳ мебошад, ки ҳаёт ва фаъолияти устоди худро ҳамчун шоҳиди зинда рӯйи варақ овардааст. Ӯ аз Рӯҳи Худо илҳом гирифта, ин китобро дар нимаи дуюми асри якум навиштааст, то нишон диҳад,
ки Исои Масеҳ, дар ҳақиқат, ҳамон Таъиншудаи Худо аст. Муаллиф аз китобҳои пайғамбарони гузашта чанд иқтибос оварда, исбот кардааст, ки дар ҳаёти Исои Масеҳ пешгӯйиҳо ба амал омадаанд.
Ӯ Худ гуфтааст, ки мақсади асосии омадани Ӯ ин буд: «Ман омадаам, ки ба дигарон хизмат кунам ва барои нархи наҷоти бисёр одамонро супоридан ҷонамро фидо кунам»


Файл зеркашӣ кунед

Хушхабар аз Матто (бе мусикӣ)
Прокрутить вверх