Павлус ин номаро ба ҷамоатҳои имондорони Ғалотия навиштааст. Ғалотия яке аз вилоятҳои шоҳаншоҳии Рум буда, дар қисми марказии Туркияи ҳозира ҷойгир шуда буд.
Баъд аз чанд муддат шариатпарастони яҳудӣ омада, ғалотиёни соддалавҳро бовар кунонданд, ки барои наҷот ёфтани одам фақат имон овардан кам аст ва азбаски имондорони Ғалотия асосан ғайрияҳудиён буданд, ин муаллимони шариатпараст ба онҳо гуфтанд, ки барои дар назди Худо сафед шудан онҳо бояд расму қоидаҳои дини яҳудиро низ риоя кунанд ва мардон бояд ҳатман хатна карда шаванд. Вале Павлус бо навиштани ин нома нодуруст будани таълимоти онҳоро исбот мекунад ва бо далелҳои раднашаванда айбҷӯиҳои беасос ва иғвогаронаи онҳоро фош месозад.
Павлус дар навбати аввал фиристодаи ҳаққонии Худо будани худро таъкид мекунад ва мегӯяд, ки таълимоти ӯ аз рӯйи фикри одамизод нест, балки худи Исои Масеҳ инро барояш аён кардааст. Ӯ дар давоми нома менависад, ки одам на ба воситаи шариат, балки фақат ба воситаи имон ба Исои Масеҳ дар назди Худо сафед мешавад. Сипас аз ҳаёти Иброҳим пайғамбар мисол оварда, фарқи байни шариату имон ва моҳиятиаслии онҳоро фаҳмонида медиҳад. Ҳамчунин ӯ таъкид мекунад, ки имондорон бояд дар озодие, ки Масеҳ ба онҳо додааст, устувор истанд ва бо ҳидояту роҳнамоии Рӯҳулқудс зиндагӣ кунанд.
Файл зеркашӣ кунед