Китоби Осмонӣ – Қуръон
Ба Шумо сулҳу офият ва беҳбудӣ дар ҳаёти заминӣ ва ҳаёти ҷовидонаатон орзуманд. Раҳмату баракати Худо бо Шумо бод!
Имрӯз мехоҳам дар бораи чаҳор китоби осмонӣ – Таврот, Забур, Инҷил ва Қуръон сӯҳбат кунам. Қуръони Маҷид дар бораи ин китобҳои осмонӣ чӣ мегӯяд ва ҳадафи онҳо чист?
Гӯш кунед
Қабл аз ҳама, мо бояд дарк кунем, ки Худо ба мо ваъда додааст, ки каломи Ӯ ҳаргиз иваз нахоҳад шуд. Худованд дар китоби Қуръон, сураи “Юнус” ояти 64 – ум мефармояд: “хушхабар аст онҳоро дар дунёву охират. Сухани Худо дигаргун намешавад. Ин аст комёбии бузург.”
Худованд дар китоби Қуръон, сураи “Ал-Анъом” ояти 115 – ум низ чунин мефармояд: “Ва каломи Парвардигори ту дар ростиву адолат ба ҳадди камол аст. Ҳеҷ кас дигаркунандаи сухани Ӯ нест ва Ӯст шунавову доно!”
Худо бо пайғамбарони худ сухан мегуфт, то каломи Ӯро ба мардум расонанд. Каломи Ӯ ҳамчун роҳнамо аз ҷониби Худо нозил шудааст ва ҳеҷ кас онро тағйир дода наметавонад. Оятҳои Қуръони Карим гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунанд. Чунин ваъдаҳо дар китобҳои осмонии Таврот, Забур ва Инҷил низ такрор мешаванд ва онҳо нишон медиҳанд, ки Худо ба ваъдаҳои худ то чӣ андоза содиқ аст. Ҳеҷ кас ваколату салоҳият ва қудрати иваз намудани Каломи Худоро надорад.
Агар чунин аст, пас китоби Таврот чӣ ҳадаф дорад?
Худованд дар китоби Қуръон, сураи “Ал-Анъом” ояти 154 – ум чунин мефармояд: “Сипас ба Мӯсо китоб додем, то бар касе, ки некӯкор будааст, неъматро пурра кунем ва барои баёни ҳар чизе ва низ барои роҳнамоиву раҳмат. Шояд, ки ба дидори Парвардигорашон имон биёваранд!”
Худованд ба Мусо (а) китоб нозил намуд ва дар он китоб ҳарфе аз Мусо (а) набуд, зеро он китоби осмонӣ буд ва аз ҷониби Худо фиристода шуда буд.
Пеш аз Таврот, ҳеҷ як китоби осмонӣ вуҷуд надошт. Пас, Худованд китоби Тавротро фиристод, то ки ҳама чиз ошкору равшан гардад. Китоби Таврот аввалин китоби муқаддасест, ки аз ҷониби Худо барои ҳидояту меҳрубонӣ фиристода шуда аст. Агар инсон роҳашро дарнаёбад, ба ӯ албатта роҳнамое зарур аст. Ин китоб аз ҷониби Худованд барои мо ҳамчун роҳнамо фиристода шудааст.
Таврот китоби фиристодаи Илоҳӣ буда, ба Мусо (а) нозил шудааст. Ҳадаф аз фиристодани ин китоби осмонӣ дар он буд, ки одамон Худоро бишносанд ва ба Ӯ имон биёваранд. Чун одамон ба мутолиаи китоби муқаддас шурӯъ мекарданд, муҳаббати Худо дар қалбҳояшон ҷой мегирифт ва ба Худо имон меоварданд.
Роҷеъ ба китоби Забур дар китоби Қуръон, сураи “Ал-Исро” ояти 55 – ум чунин омадааст: “Ва Парвардигори ту ба он чӣ дар осмонҳову замин аст, огоҳтар аст. Баъзе аз паёмбаронро бар баъзе дигар беҳтарӣ додаем ва ба Довуд Забурро додем.”
Китоби Забур аз ҷониби Худо ба Довуд нозил шудааст ва он ҳадяи гаронбаҳо аз сӯи Худованд барои аҳли башар аст. Оё ҷаҳонро метавон бидуни ҳеҷ як китоби осмонӣ тасаввур кард? Худо китобашро ба мо ҳамчун тӯҳфа фиристодааст. Ҳар ҳадяе, ки аз сӯйи Ӯ мерасад, хос асту сазовори иззату эҳтиром.
Марбут ба китоби Инҷил дар китоби Қуръон, сураи “Ал-Моъида” ояти 46 – ум ин тавр гуфта шудааст: “Ва аз паи онҳо Исо – писари Марямро фиристодем, ки тасдиққунандаи Тавроте буд, ки пеш аз ӯ фиристода будем ва Инҷилро, ки тасдиқкунандаи Таврот пеш аз ӯ буд, ба ӯ додем, ки дар он ҳидоят ва рӯшноие бувад ва барои парҳезгорон ҳидоят ва панде.”
Қуръони маҷид чунин тавсиф мекунад: Он чизе, ки дар Таврот навишта шудааст, Исо (а) тасдиқ кардааст. Китоби Таврот зиёда аз ҳазор сол пеш аз омадани Исо (а) нозил шудааст. Исо (а) на ба хотири инкор кардани китоби Таврот, балки барои тасдиқ кардани он фиристода шуда буд. Китобҳои нав китобҳои кӯҳнаро тасдиқ мекунанд. Худованд дар давоми ояти мазкур фармудааст, ки китоби Инҷилро ба Исо (а) ато намуда, дар ихтиёраш гузоштем, ки вай мисли Таврот ҳидояту нур буд. На танҳо Исо (а) тасдиқкунандаи Таврот буд, боз Инҷил ҳам, ки китоби осмонист, Тавротро тасдиқкунанда буд. Инҷил ҳам монанди Таврот, барои бани Исроил ва барои парҳезгорон мояи ҳидояту панду андарз буд.
Ниҳоят дар китоби Қуръон доир ба аҳдофи Қуръон чӣ гуфта шудааст? Роҷеъ ба ин дар китоби Қуръон, сураи “Ал-Имрон” ояти 3 – юм чунин омадааст: “Ин китобро, ки тасдиқкунандаи китобҳои пеш аз он аст, ба ҳақ бар ту нозил кард ва қабл аз он Тавротро ва Инҷилро фиристод.”
Вақте ки шахс чизеро ҳақ мешуморад, ӯ шуморо ба дуруст буданаш бовар мекунонад. Қуръон китобҳои Таврот, Забур ва Инҷилро эътироф мекунад.
Оё Қуръон ба мо таълим медиҳад, ки бо китобҳои пеш аз Қуръон нозил шуда Таврот, Забур ва Инҷил чӣ гуна бояд таваҷҷуҳ ва қадрдонӣ кунем?
Бале! Худованд дар китоби Қуръон, сураи “Ал-Юнус” оятҳои 95-96 – ум чунин мефармояд: ” Агар дар он чӣ бар ту нозил кардаем, дар шубҳа ҳастӣ, аз онҳое, ки китоби осмонии пеш аз туро мехонанд, бипурс. Албатта ҳақ аст он чӣ аз аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст. Пас набояд дар шумори шубҳакунандагон бошӣ! Ва аз онон, ки оёти Худоро дурӯғ мебароранд, мабош, ки дар зумраи зиёнкунандагон бошӣ.”
Дар китоби Қуръон, сураи “Ал-Бақара” ояти 285 – ум низ чунин омадааст: Паёмбар худ ба он чӣ аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ нозил шуда, имон дорад. Ва ҳамаи мӯъминон ба Худову фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш имон доранд. Миёни ҳеҷ як паёмбаронаш фарқе намениҳем. Гуфтанд: «Шунидем ва итоъат кардем, эй Парвардигори мо, омурзиши туро хосторем, ки бозгашти ҳама ба сӯи туст!»
Худованд дар китоби Қуръон мефармояд, ки ба китобҳои Илоҳии пеш аз Қуръон нозил шуда имон биёваред, на ба китобҳои таҳрифшуда. Шумо танҳо ба он китобҳое метавонед имон биёваред, ки саҳеҳ ҳастанд. Агар фармони Худованд дар китоби Қуръон чунин бошад, пас ин шаҳодати равшану возеҳи он аст, ки Тавроту Забур ва Инҷил дигаргун нашудаанд.
Бинобар ин бародарону дӯстон, рухсат диҳед ба ин суҳбати имрӯзаамонро бо таъкид ва огоҳии Худованд хотима бахшем. Худованд дар китоби Қуръон, сураи “Ан-Нисо” ояти 136 – ум чунин мефармояд: “Эй касоне, ки имон овардаед, ба Худову паёмбараш ва ин китоб, ки бар паёмбараш нозил карда ва он китоб, ки пеш аз он нозил карда, ба ҳақиқат имон биёваред. Ва ҳар кӣ ба Худову фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш ва ба рӯзи қиёмат кофир шавад, сахт дар гумроҳӣ афтодааст.”
Дар китоби Қуръон аз ҷониби Худо амр шудааст, ки инсоният бояд ба ҷамъи китобҳое, ки пеш аз Қуръон нозил шудаанд имон биёварад. Ҳар касе ки ба Худо ва ба фариштагони Ӯ ва ба китобҳои Ӯ ва ба пайғамбарони Ӯ ва ба рӯзи охират имон наорад, ӯ чунон гумроҳ шудааст, ки аз сарҳади имон аз ҳад зиёд дур афтода аст.
Файл зеркашӣ кунед
Китоби Осмонӣ